Аз тарафи кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Зарафшони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Панҷакент ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар як сокини маҳаллӣ дастгир карда шуд, ки аз ӯ як бастаи селлофанӣ бо маводи ҷигариранг мусодира гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, мутобиқи хулосаи Шуъбаи ташхиси криминалистии ШВКД шаҳри Панҷакент, маводи мусодирашуда афюн буда, вазни он тақрибан 500 граммро ташкил менамояд.
Гуфта мешавад, тафтишоти пешакӣ нишон додааст, дастгиршуда қаблан бо м. 240 КҶ ҶТ «Ташкил ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ» суд шуда, баъди ба озодӣ баромадан, ният доштааст, дар ҳудуди шаҳри Панҷакент бо паҳн намудани афюн машғул шавад. Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳаммаслаки ӯ – сокини деҳаи Нуристони шаҳри Панҷакент дастгир гардид.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ бо моддаи 200 қ.2 КҶ ҶТ «Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори начандон калон» парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад ва боздоштшудагон ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста