Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзҳои наздик ҳукм нисбати диктори маъруфи телевизион, номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар интихоботи парлумонии соли 2005 Муаттара Ҷӯраеваро содир мекунад. Муаттара Ҷӯраева дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар азхдкунии маблағҳо ба миқдори ниҳоят зиёд (моддаи 247 КҶ ҶТ) гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар айбномаҳои ба М.Ҷӯраева пешниҳодшуда маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол бо мусодираи амвол ва манъи машғул шудан ба фаъолияти муайян ё ишғоли вазифаҳои муайян ба муҳлати 5 сол пас аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, қаблан зикр гардида буд, ки М.Ҷӯраева метавонад тибқи қонуни афви аз ҷониби президент ба имзорасида мавриди афв қарор гирад. Ӯ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ 15 октябри соли 2014 ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуда буд.
Роҳбари маркази матбуоти Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Бахтиёр Юсупов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки агар М.Ҷӯраева мутобиқи меъёрҳи қонуни ҶТ «Дар бораи афв» зиёни молиявии ба шаҳрвандон расонидаашро ҷуброн созад, метавонад озод карда шавад.
МуаттараҶӯраева дар азхудкунии маблағҳои пулии якчанд шаҳрвандони кишвар, ки аз онҳо онро қарз гирифтаву барнагардонидааст ва ҳамчунин пардохт накардани қарзҳои бонкӣ гумонбар дониста мешавад.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки баъди як ҳафтаи боздошти М.Ҷӯраева Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати муфаттиши ШВКД-2-и ноҳияи Сино Мустафоқул Каримов парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Муфаттиш, ки аввали моҳи октябр нисбати диктори маъруфи телевизиони Тоҷикистон Муаттара Ҷӯраева парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд, боздошт гардид.
Муаттара Ҷӯраева 4 июни соли 1975 дар Душанбе дар оилаи забоншиноси маъруфи тоҷик Рустам Ҷӯраев ба дунё омада, хатмкардаи факултаҳои филология ва молияву қарзи Донигоҳи миллии Тоҷикистон аст. Аввали соли 2000-ум ба фаъолият ба ҳайси роҳбари шуъбаи дикторони телевизиони Тоҷикистион шурӯъ намуда, соли 2003 ба ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ шарафёб гардид. Соли 2005 ба сифати номзад ба вакилӣ ба палатаи поёнии парлумон сабти ном шуда, пас аз нокомӣ дар интихобот кор дар телевизионро тарк кард ва ба тиҷорати хусусӣ машғул шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста