Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов ба ҳамаи прокуророни вилоят ва шаҳру навоҳӣ, ҳамчунин прокуророн дар бахши нақлиёт ва прокуророни ҳарбӣ дастур ирсол намуд, ки ҳар рӯзи шанбеи ҳафта аз соати 8 то 12-и рӯз шахсан қабули шаҳрвандонро роҳандозӣ намуда, ба арзу шикояти аҳолӣ расидагӣ кунанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҶТ хабар дод, ин дастури прокурори генералӣ дар робита ба талаботи президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои амняти кишвар рӯзи 17 феврал садо дод, рӯйи кор омад. «Худи прокурори генералӣ ва муовинони ӯ ҳар рӯзи шанбеи ҳафта давоми вақти дар боло зикршуда шаҳрвандонро қабул мекунанд», - гуфт манбаъ.
Таъкид гардид, ки Прокуратураи генералӣ аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки зимни муроҷиат ба раҳбарияти мақомоти прокуратура қоидаву тартиботи муроҷиат ба мақомоти расмии давлатиро риоя намоянд.
«Агар арзу шикояти шаҳрвандон дар сатҳи прокуророни шаҳру навоҳӣ роҳи ҳалли худро пайдо накунад, онҳо метавонанд бевосита ба прокуророни сатҳи болоӣ муроҷиат кунанд», - афзуд сарчашмаи хабар.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста