Ба қабули вазири корҳои дохилӣ шаҳрвандони зиёди вилояти Суғд, аз он ҷумла, аз ноҳияҳои дурдаст, монанди Айниву Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳу Шаҳристон ташриф овардаанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, муроҷиатҳои шаҳрвандон гуногун буда, баъзе падару модарони шаҳрвандоне, ки фарзандони онҳо барои шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, аз қабили «Ансоруллоҳ», «Ҷундуллоҳ» ва ғайра дар маҳбас қарор доранд, аз вазири корҳои дохилӣ хоҳиш намуданд, ки фарзандони онҳо аз маҳбас озод карда шаванд.
Гуфта мешавад, онҳо ба вазир итминон додаанд, ки фарзандонашон аз кардаи худ пушаймон буда, гумроҳ шуда ба ин равияҳо аъзо гардидаанд ва бархе аз онҳо 4-5 фарзанд дошта, мехоҳанд ба назди оилаҳои худ баргарданд ва ба зиндагии осоишта машғул шаванд.
Зимнан зикр мегардад, ки сокинони ноҳияи Мастчоҳ аз ҳамкории зич миёни мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, шукри тинҷию ободии кишварро карданд ва доир ба шахсони шубҳанок, ки аъзои равияҳои ғайриқонунӣ мебошанд, ба вазири корҳои дохилӣ маълумот доданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста