Собиқ диктори маъруфи телевизион, номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар интихоботи парлумонии соли 2005 Муаттара Ҷӯраева ба 9 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум карда шуд. Мурофиаи судӣ дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баргузор шуд.
Зимни қироати ҳукм судя Сафарбек Нурализода қайд кард, ки М.Ҷӯраева ба қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд (моддаи 247 КҶ ҶТ) гунаҳкор эътироф гардида, бо назардошти мавриди афв қарор гирифтан, сеяки муҳлати ҷазои ӯ кам карда мешавад. Суд ҳамчунин ба ӯ машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ дар муддати се соли баъди озодиро низ манъ кард.
Ба гуфтаи модари Муаттара Ҷӯраева, дар сухани ниҳоии худ духтараш изҳор намудааст, ки ҳеҷ гоҳ касеро фиреб надодаасту ба қаллобӣ машғул нашудааст ва қарзро аз шаҳрвандон бо розигии онҳо гирифтаасту дар ин хусус қарордодҳо низ ба имзо расидаанд ва ӯ ҳеҷ гоҳ аз баргардонидани қарзҳо рӯ натофтааст. М.Ҷӯраева аз суд дархост намудааст, ки ӯро озод намоянд, то ки кор карда зиёни расонидааш ба шаҳрвандонро баргардонад, вале суд инро ба инобат нагирифт.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12 март айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуда буд, ки Муаттара Ҷӯраева ба 10 соли зиндон маҳкум карда шавад.
МуаттараҶӯраева дар азхудкунии маблағҳои пулии якчанд шаҳрвандони кишвар, ки аз онҳо онро қарз гирифтаву барнагардонидааст ва ҳамчунин пардохт накардани қарзҳои бонкӣ гумонбар дониста мешавад.
Муаттара Ҷӯраева 4 июни соли 1975 дар Душанбе дар оилаи забоншиноси маъруфи тоҷик Рустам Ҷӯраев ба дунё омада, хатмкардаи факултаҳои филология ва молияву қарзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Аввали соли 2000-ум ба ҳайси роҳбари шуъбаи дикторони телевизиони Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуда, соли 2003 ба ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ шарафёб гардид. Соли 2005 ба сифати номзад ба вакилӣ ба палатаи поёнии парлумон сабти ном шуда, пас аз нокомӣ дар интихобот кор дар телевизионро тарк кард ва ба тиҷорати хусусӣ машғул шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста