Аввали ҳафтаи равон кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб дар рафти гузаронидани амалиёти махсуси “таҳвили байналмилалии назоратшаванда” шаҳрванди 30-солаи вилояти Тахори Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дастгир намуданд, ки дар шаҳри Кӯлоб хонаро иҷора мегирифт. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, ҳангоми кофтукови хона халтаи селофанӣ дарёфт ва мусодира гардид, ки дар дохили он 33 баста бо маводи ҷигариранг ва 1 баста бо маводи хокамонанд мавҷуд буд.
Тибқи хулосаи Шуъбаи экспертизаи судии РАНМН дар вилояти Хатлон маводи мусодирашуда афюн бо вазни зиёда аз 40 кг ва героин бо вазни тақрибан 1 кг мебошад.
Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки дастгиршуда ният дошт маводи нашъаоварро дар ҳудуди Тоҷикистон фурӯшад ва маблағи пулиро ба суратҳисоби электронии соҳиби “бор” равон намояд. Кормандони Агентӣ шахсияти шаҳрванди Афғонистонро, ки маводи нашъаоварро ба Тоҷикистон интиқол дода буд, муайян намуданд. Ҳоло дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон чораҳои зарурӣ барои дастгир намудани ӯ андешида шудаанд.
Нисбати ин ҳодиса аз рӯи моддаи 200 қ. 4 КҶ ҶТ - “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, боздоштшуда ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Шуъба ворид карда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста