Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ аз рӯи далели гирифтани пора ваколатдори фаврии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Асадулло Шарифзодаро боздошт намуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии зиддифасод дар ин робита иттилоъ дод, корманди боздоштшудаи КДАМ барои ҷалб накардани шаҳрванд А.В. ба ҷавобгарӣ, аз ӯ ба сифати пора 5 ҳазор доллари ИМа талаб кардааст.
«Корманди КДАМ ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 2 ҳазор доллари ИМА дар қаламрави кӯчаи Нисор Муҳаммади пойтахт боздошт шуд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки бо супориши роҳбари тозатаъини Агентии зиддифасод Рустами Эмомалӣ аз 1 апрел ҳамаи кормандони Агентӣ аз санҷиш (аттестатсия)-и мувофиқат кардан ба мансаби ишғолкарда мегузаранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста