Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар рафти амалӣ намудани чораҳои оперативӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафарро дастгир намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, дар рафти кофтукови шахсӣ аз онҳо бастаҳои дорои маводи мухадири афюн дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Гуфта мешавад, кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд дар рафти гузаронидани чорабинии оперативӣ дар шаҳри Панҷакент шаҳрвандеро дастгир намуданд, ки дар рафти кофтукови шахсӣ аз ӯ бастаи селлофании дорои маводи нашъаовари бангдона дарёфт ва мусодира гардидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ин ду ҳодиса аз рӯи моддаи 200 қ. 2 - “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори начандон калон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, се нафар дастгиршудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста