Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Умедҷон Мирзоевро ба қатли шаҳрванди Русия гунаҳкор дониста, ӯро ба 9 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ин ҷиноят дар қаламрави Русия содир гардид.
Бино ба иттилои сомонаи Прокуратураи генералии Русия, моҳи октябри соли 2013 мақомоти тафтишоти шаҳри Митишии вилояти Маскав аз рӯи далели дарёфти ҷасади як мард бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар деҳаи Аксаковои ноҳияи Митиши, мутобиқи моддаи 105, қ. 1-и КҶ Русия (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд.
Дар ҷараёни тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноӣ ба содир шудани ин ҷиноят даст доштани Умедҷон Мирзоев муайян карда шуда, нисбати ӯ ғоибона айбнома пешниҳод ва моҳи январи соли 2014 ӯ мавриди ҷустуҷӯ эълон гардид.
Ҳангоми баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон Умедҷон Мирзоевро дар қаламрави ҷумҳурӣ боздошт намуданд.
Бо назардошти шаҳрванди Тоҷикистон будани У.Мирзоев, ба ихтиёри мақомоти салоҳиятдори Русия супурдани ӯ ғайриимкон буд ва аз ин рӯ, парвандаи ҷиноии ӯ ба Тоҷикистон ирсол гардида, дар ватанаш баррасӣ шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста