Узви Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Фирдавс Соҳибназаров пас аз баҳси якмоҳа рӯзи 10 апрел аз толори суд озода карда шуд. Дар ин бора дар саҳифаи фейсбукиаш раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров маълумот додааст.
Р.Зойиров хотиррасон мекунад, ки номзадии Фирдавс Соҳибназаров дар асоси мактуби прокуратураи генералии ҶТ аз 31 январи соли 2015 аз ҷониби КМИР ҶТ рӯзи 2 феврали соли 2015 аз рӯйхати номзадҳои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон хориҷ карда шуда, рӯзи 3 феврал аз ҷониби прокуратураи вилояти Хатлон дастгир карда шуда буд.
«Фирдавс Соҳибназаров ҳамин давра аз ҳавзаи якмандатии Ҷомӣ ҳамчун номзад пешниҳод шуда, дар асоси мактуби прокуратураи вилояти Хатлон ӯро ба қайд нагирифта буданд», - менависад раиси ҲСДТ.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январи соли равон Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нисбати узви ҲСДТ Фирдавс Соҳибназаров, ки аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷомӣ номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуда буд, парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Қобили зикр аст, ки дар интихоботи парлумонии рӯзи 31 март доиргардида тибқи рӯйхати ҳизбӣ 22 нафар номзадҳои ҲСДТ иштирок карданд. Аз рӯи натиҷаҳои интихобот ҲСДТ ҳамагӣ 18 ҳазору 875 ё худ 0,5%-и овозҳои интихобкунандагонро касб намуда, ягон узви ҳизб ба ҳайати парлумони даъвати нав роҳ наёфт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста