Адиби маъруфи тоҷик Ато Ҳамдам барои азму талош ва чусту чолокии кормандони милиса дар дарёфту ба ӯ баргардонидани автомашинаи шахсиаш ба онҳо миннатдорӣ изҳор намуд.
«Дар таърихи 31-уми моҳи марти соли 2015 ман ба доми як гурӯҳ қаллобони касбӣ афтодам, ки аз соли 1996 инҷониб ба фиреби шахсони мошиндор машғул буда, даҳҳо нафарро сарсону саргардон ва аз мошини шахсиашон маҳрум гардондаанд», - қайд мешавад дар сипосномаи адиб ба унвони вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, ки дар сомонаи Вазорат ҷой дода шудааст.
«Тавассути азму талош ва чусту чолокии кормандони баъди як ҳафта қаллобони ашаддӣ дар ноҳияи Ҳисор ҳини ба савдо андохтани мошини шахсии ман ба даст афтоданд. Агар чусту чолокӣ ва маҳорату кордонии ин ҷавонмардони ҳақиқӣ – кормандони ҷонсӯзи мақомоти Шумо намешуд, шояд дигар ман на мошинамро пайдо мекардаму на ягон сомонӣ ба даст меовардам», - иброз доштааст адиб.
Ато Ҳамдам ҳамраиси Анҷумани ноширон ва тарҷумонҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтия, узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон ва Белорус, барандаи ҷоизаи Олии адабии Покистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармуҳаррири интишороти «ЭР-граф» мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста