Аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар ноҳияи Дарвоз як нафар шаҳрванди Афғонистон барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир гардид.
Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои муштараки оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи Раёсати Агентӣ дар вилояти Бадахшон ва Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Бадахшон дар деҳаи Тегмайи ҷамоати Вишхарви ноҳияи Дарвоз ҳамчун гумонбар дар қочоқи маводи нашъаовар як нафар сокини 20-солаи вулусволии Моҳи Майи вилояти Бадахшони Афғонистон дастгир гардида, аз ӯ афюн бо вазни зиёда аз 6 килограмм ва бангдонаи каннабис бо вазни тахминан 6 килограмм дарёфт ва мусодира карда шуд.
Гуфта мешавад, нисбати ин ҳодиса аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – м. 200 қ. 3 - “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон”, м. 289. “Қочоқ” ва м. 335. “Ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, айни ҳол барои муайян намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷинояти мазкур алоқамандӣ доранд, чорабиниҳои оперативӣ гузаронида мешаванд ва боздоштшуда ҳоло дар тавқифгоҳи муваққатии раёсати Агентӣ қарор дорад.
Зимнан зикр мегардад, ки инчунин, аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ панҷ нафар сокинони вилоят дастгир гардида, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо тақрибан 2 кг афюн ёфт ва мусодира гардид.
Ҳамин тариқ, фаъолияти боз як гурӯҳи ҷиноятпеша, ки муддати тӯлонӣ бо паҳн намудани маводи нашъаовар дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ машғул буданд, қатъ карда шуда, боздоштшудагон ҳоло дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии раёсати Агентӣ қарор доранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста