Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус аз рӯи усули «таҳвили назоратшаванда» аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек се зан – шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон дастгир гардиданд, ки аз онҳо 8 кг маводи нашъаовари сахтаъсири героин ёфт ва мусодира гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН ҶТ, дар натиҷаи гузаронидани амалҳои минбаъдаи тафтишотӣ-оперативӣ дар шаҳри Исфара дар хонаи яке аз дастгиршудагон бо истифода аз саги хизматӣ дар махфигоҳ зиёда аз 1 кг героин дарёфт ва мусодира гардид.
Қайд мешавад, ки ду нафар аз занони дастгиршуда қаблан барои даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар суд шуда, айни ҳол тафтишот минбаъд нияти ба куҷо интиқол додани героинро муайян намуда истодааст.
Зимнан зикр мегардад, ки амалиёт бо иштироки бевоситаи афсари алоқаи Агентӣ, ки зиёда аз ним сол дар шаҳри Оши Қирғизистон фаъолият менамояд, амалӣ гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста