Зимни чорабиниҳои муштараки доиргардида тайи рӯзҳои ахир аз ҷониби кормандони Прокуратураи генералӣ, ВКД, КДАМ ва Бонки миллии Тоҷикистон 192 далели қонуншиканӣ дар самти муомилот бо асъори хориҷӣ ошкор гардид. Дар ин бора дар маълумоти имрӯз интишоршудаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дода мешавад.
Дар маълумот зикр мегардад, ки санҷишу таҳлилҳо нишон доданд, ки гарчанде дар баъзе мавридҳо вазъи бавуқуъомада ба омилҳои иқтисодӣ, бахусус таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва дар партави он ба бозори молу маҳсулот алоқамандӣ дошта бошад, дар боқимонда мавридҳо нархи он ба таври сунъӣ аз ҷониби нафарони алоҳидае, ки ба чунин намуди фаъолият машғуланд, бахусус нуқтаҳои фурӯши асъор, хариду фурӯши молу маҳсулот дар бозори дохилӣ бо асъори хориҷӣ, инчунин интиқоли ғайриқонунии асъор аз ҷониби нафарони алоҳида ба хориҷи кишвар, боло бардошта шуда истодааст.
Гуфта мешавад, гарчанде рӯзҳои охир қурби расмии хариди 1 доллари ИМА аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, яъне Бонки миллии Тоҷикистон то 6,28 сомонӣ ва фурӯши он то ба 6,30 сомонӣ муқаррар гардидааст, вале дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ҳолатҳои фурӯши ғайриқонунии он бо арзиши 6,50-6,60 сомонӣ ошкор шудааст.
«Гузашта аз ин, ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки дар тахтаи эълонҳо қурби асъор аз рӯи меъёри муқарраркардаи бонк дарҷ шуда бошад ҳам, дар вақти муроҷиати мизоҷон ягон адади чунин нуқтаи фурӯш бо нархҳои пешбинигардида асъори хориҷиро нафурӯхта ё худ иброз медоранд, ки гӯё асъори хориҷӣ надошта бошанд», - омадааст дар маълумот.
Зимнан зикр мегардад, ки аз ин лиҳоз, нисбат ба тамоми он нафароне, ки ба чунин қонунвайронкуниҳо даст зада, манфиатҳои худро аз манфиати давлату дигарон боло дониста, бо роҳҳои сунъӣ арзиши пулро мебардоранд, тамоми тадбирҳои бо қонун пешбинигардида андешида шуда, дар доираи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа масъалаи бозхонди иҷозатномаҳои барои чунин намуди фаъолият машғул шудан ва манъи фаъолияти онҳо баррасӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста