Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе роҳбари идораи шабакаҳои барқи ноҳияи мазкур Олим Нуровро барои риоя накардани тартиботи баррасии муроҷиати шаҳрвандон ҷаримабандӣ кард.
Аз суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки Нуров мутобиқи моддаи 87-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Риоя накардани тартибу муҳлати баррасии муроҷиати шаҳрвандон) гунаҳкор дониста шуда, дар ҳаҷми 1 ҳазору 200 сомонӣ ба нафъи давлат ҷарима баста шуд. Мурофиаи судӣ таҳти раёсати судя Сафарбек Нурализода баргузор шуд.
Дар мурофиа Олим Нуров ба гуноҳи худ иқрор шуда, изҳор намудааст, ки дарвоқеъ ҳам бинобар сабаби серкорӣ дар мавсими зимистон, ба муроҷатҳои истеъмолгарон дар робита ба мушкилоти марбут бо интиқолу таъминоти барқ саривақт посух дода натавонитааст.
Бино ба мкълумоти суд, ба гунаи мисол О.Нуров ба муроҷиати раиси маҳаллаи М.Турсунзодаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе М.Абдуллоев оид ба садамаи трансформатор, ҳамчунин муроҷиатҳои дигар шаҳрвандон посух нагуфта, ҳатто ин муроҷиатҳоро дар китоби бақайдгирӣ сабт накардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста