Дар вилояти Суғд саробони хонадон барои қатли бераҳмонаи ҳамсар ва ду кӯдаки ноболиғ ба ҳабси абад маҳкум шуд.
Аз суди вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки суд сокини 38-солаи ҷамоати Патари ноҳияи Конибодом Баҳром Юлдошевро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) гунаҳкор эътироф намуда, нисбати ӯ ҳукми ҳабси абад содир намуд.
Ёдрас мекунем, ки 30 январи соли 2015 дар минтақи шимоли кишвар бар асари ҷанҷоли оилавӣ ба иллати мушкилоти молиявӣ, падари хонадон Баҳром Юлдошев ҳамсар ва кӯдакони ноболиғашро бо табар ба қатл расонид. Худи ҳамон рӯз ҷасадҳои сокини ҷамоати Патари ноҳияи Конибодом Дилором Эргашеваи 39-сола ва фарзандони ӯ - Нурмуҳаммад Юлдошеви 13-сола ва Заррина Юлдошеваи 8-сола дарёфт шуданд.
Зимнан зикр гардид, ки соли 2014 дар вилояти Суғд ҳамагӣ як ҳукми ҳабси абад содир шудааст. Сокини 30-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов Бахтиёр Абдуллоев барои таҷовуз ба номуси духтари 10-сола ва сипас суиқасд ба ҷони ӯ ба ҳабси абад маҳкум шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста