Сардори яке аз дидбонгоҳи сарҳадии қисми ҳарбии 2042 отряди 14-уми сарҳадии Раёсати қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд боздошт шуд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, афсари марзбон баъди гирифтани 2 ҳазору 700 сомонӣ ба сифати пора дастгир шудааст.
«Номбурда барои гузаштани мошинҳои боркаши ҶДММ «Куруш 2014», ки қум ва шағал мекашидан барои иҷозат додан аз шаҳрванд «Н», ки шахси масъули ҶДММ «Куруш 2004» мебошад, дар марҳилаи аввал 100 литр бензини тамғаи «92» ба маблағи 430 сомонӣ ва маблағи нақдии 460 сомониро, ба сифати пора талаб намуда гирифта, баъдан барои дубора иҷозат додан ба мудати як моҳ барои ҳар як рӯзаш 90 сомонӣ, ки ҷамъ маблағи 2700 сомониро ташкил медиҳад ба сифати пора талаб намудааст», - омадааст дар хабари Агентии зиддифасод.
Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел нисбати гумонбаршуда бо моддаи 319 кисми 1-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ огоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ давом дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста