Айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуд, ки собиқ директори бозори «Назари нек» Рустам Ҷӯраев ба 20 сол, сардори хадамоти посбонии бозор Аҳлиддин Файзиев ва корманди ин хадамот Бобур Юсуфов ҳар кадоме ба 19 соли зиндон маҳкум карда шаванд.
Нисбати иштирокчии чоруми парвандаи мазкур - соҳиби мағоза Тоҷиев айбдоркунандаи давлатӣ дар ҳаҷми 300 музди меҳнати ҳадди ақал ҷаримабандиро тақозо кард.
Рӯзи 13 апрели соли равон дар бинои суди вилояти Суғд мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии ин парванда оғоз гардида буд. Мурофиа озод буда, ба иштироки рӯзноманигорон дар он монеъа эҷод намешавад.
Директори бозори «Назари нек» Рустам Ҷӯраев мутобиқи 3 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ - 104, қисми 2, бандҳои «в,е,з,к» (Куштани баръало ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст, бо бераҳмии махсус, аз ҷониби гурӯҳи шахсон ё гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, гурӯҳи муташаккил, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), аз ҳиссиёти авбошӣ), 112 (Қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ) ва 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ), сардори хадамоти посбонии бозор Аҳлиддин Файзиев ва корманди хадамоти посбонӣ Бобур Юсуфов мутобиқи моддаҳои 104 ва 112 ва боз иштирокчии 4-уми ин парванда - соҳиби мағоза Тоҷиев мутобиқи моддаи 112 айбдор карда мешаванд.
Рӯзи 12 май ба директори бозор сухани ниҳоӣ дода шуда, сипас суд ба хонаи машваратӣ хориҷ мешавад.
Дар сухани ниҳоии худ сардори хадамоти посбонии бозор Аҳлиддин Файзиев изҳор намуд, ки ӯ наврасонро лату кӯб накардааст. Корманди ин хадамот Бобур Юсуфов қайд кард, ки ӯ танҳо як маротиба ба наврасон зарба задааст ва нияти куштани наврасро надошт.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январи соли равон директор ва кормандони хадамоти посбонии бозори «Назари нек» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як наврас, тарбиятгирандаи мактаб-интернатро барои дуздии маҳсулот ва 380 сомонӣ маблағи пулӣ то марг лату кӯб карда , навраси дигар бар асари лату кӯби онҳо дар бемористон бистарӣ шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста