Дар шаҳри Душанбе аз 3 то 5 июн баргузории ҷаласаи вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар назар аст.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷаласа масоили ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти корҳои дохилии кишварҳои узви Созмон дар мубориза алайҳи ҷинояткории фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Дар назар аст, ки дар ҳошияи сафар ба Тоҷикистон вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Созмонро президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
Зимнан зикр гардид, ки вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СҲШ ҳамчунин ҷараёни баргузории тамринҳои зиддитеррористии муштараки ВКД Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чинро низ мушоҳида хоҳанд кард, ки дар маркази таълимии «Магов»-и воқеъ дар шаҳри Ваҳдат доир хоҳад гардид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста