Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ рӯзи 19 май таҳти раёсати муовини аввали директори Агентӣ, роҳбари Ситоди кории ҷумҳуриявӣ полковник Зафар Самадов ҷаласаи якуми Ситоди амалиёти “Кӯкнор-2015” баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ оид ба гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2015”, инчунин ҳамкории вазорату идораҳои дахлдор баррасӣ гардида, нақшаи гузаронидани чорабинӣ оид ба гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2015 тасдиқ гардид.
Зикр мегардад, ки дар кори ҷаласа намояндагони Шӯрои амнияти ҶТ, ВКД, КДАМ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2015» гузаронидани амалиёти байналмилалии СААД “Гром-2015” низ дар назар аст.
Қайд мешавад, ки барои гузаронидан, назорат кардан ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ситодҳои корӣ ташкил гардидаанд.
Қобили зикр аст, ки амалиёти «Кӯкнор» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар ду марҳила – аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр гузаронида мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста