Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода дар маросими рӯнамои ҳисобот оид ба фаъолияти ин ниҳод дар соли 2014 изҳор намуд, ки аз вазъи солимии маҳкумшуда Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва сардори Хадамоти гумрук бохабар асту ӯ ягон бемории ҷиддие надорад. «Ҳама мегӯянд, ки бемории ӯ ҷиддӣ аст, вале дар асл ин тавр нест», - гуфт З.Ализода.
Ализода мегӯяд, бо назардошти синнусол (59-сола) ва муддати тӯлонӣ дар зиндон қарор доштан, албатта Ёқуб Салимов комилан солим нест ва табиист, ки аз ин каме мушкилӣ дорад. «Чанде қабл намояндаи мо ҳамроҳ бо табиб дар ҳуҷраи маҳбасхона ӯро муоина карда, ягон бемории ҷиддиро ошкор накарданд», - гуфт Омбудсмен.
Ба гуфтаи ӯ, муҳлати зиндони Ёқуб Салимов кам мондааст. «Умедворам, ки дар озодӣ ба гуфти худаш, ҳаёташро ба фарзандону набераҳо мебахшад», - таъкид дошт Ализода.
Дар робита ба шикоятҳои хоҳари Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Гвардияи президентӣ ва роҳбари Агентии зидди маводи мухаддир, ки ба ҳабси абад маҳкум аст, З.Ализода ба журналистон изҳор намуд, ки хоҳари маҳкумшуда шикоят кардааст, ки дандонҳои бародараш афтида, дигар ғизохӯрии ӯ мушкил шудааст.
«Намояндаи мо аз аҳволи Ғаффор Мирзоев дар маҳбас хабар гирифта, вазъи ӯро қаноатбахш дарёфт. Албатта, бо вазъи солимиаш каме мушкилӣ дорад, вале вазъи шахси муддати тӯлонӣ дар маҳбас қарордошта чӣ гуна буда метавонад», - гуфт Ализода.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста