Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе зимни як амалиёт дар канори пойтахт автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” таҳти идораи сокини шаҳри Душанберо боздошт намуда, ҳангоми кофтукови автомашина дар махфигоҳи он беш аз 10 кило маводи мухаддири навъи ҳашишро дарёфт ва мусодира намуданд.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ ҳамиштирокчии ҷиноят - сокини вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастгир карда шуда, ҳангоми кофтуков аз манзили иҷоравии ӯ дар шаҳри Душанбе тақрибан як килограмм гашиш дарёфт ва мусодира гардид, ки дар умум зиёда аз 11 килро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани амалҳои тафтишотӣ муайян гардидааст, ки ронандаи автомашина бо ҳаммаслаки худ,шаҳрванди Афғонистон, ният доштаанд маводи нашъаоварро ба вилояти Суғд, баъдан ба қаламрави Федератсияи Россия интиқол диҳанд.
Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол барои муайян ва боздошт намудани аъзоёни боқимондаи гурӯҳ, ки интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаоварро ба роҳ монда буданд,чораҳои зарурӣ андешида шуда, нисбати ин ҳодиса аз рӯи моддаи 200 қ. 4 - “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки боздоштшудагон ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста