Рӯзи 1 июн дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи савгандёдкунӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Директори Агентӣ полковник М. Ҳайдарзода, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои мустақил иштирок намуда, кормандони ҷавон, ки барои хизмат ба Агентӣ қабул шуда буданд, барои садоқат ба Ватан, Президент ва Сарқонун савганд ёд намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, баъди анҷоми маросими савгандёдкунӣ афсарон дар назди роҳбарияти Агентӣ бо қадами сафӣ гузашта, сипас дар толори Агентӣ маҷлиси ботантана баргузор гардид, ки дар он меҳмонон: намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва Хадамоти Федералии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар, идораи зиддимухаддиротии ШМА иштирок намуданд.
Муовини Директори Агентӣ полковник Ҳайдарзода М. табрикоти роҳбарияти Агентиро ба ҳайати шахсӣ қироат намуда, инчунин меҳмонон низ роҳбарият ва кормандони Агентиро табрик намуда, дар кору фаъолият бурдбориҳо таманно намуданд.
Сипас ба кормандони фаъоли Агентӣ рутбаҳои махсуси навбатӣ, ифтихорномаҳо, медалҳо ва тӯҳфаҳои қиматбаҳо супорида шуданд.
Дар анҷоми чорабиниҳо дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки комиссияи махсус дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ 197 кг 971 гр маводи мухаддир, аз ҷумла 2 кг 146 гр героин, 13 кг 098 гр афюн, 181 кг 767 гр бангдона сӯзонида шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста