Се нафар мансабдорони воломақоми Вазорати шаҳрсозии Афғонистон ҳангоми кӯшиши фирор ба Тоҷикистон боздошт шуданд.
Хабаргузории афғонии «Хома» бо такя ба гуфтаҳои Аҳмад Навид Фурӯтан, сухангӯи маъмурияти вилояти Бадахшон, дар шарҳи ин матлаб менависад, субҳи рӯзи 8 июн Муҳаммад Амин Қонеъ, Аҳмад Навоз Бахтиёр ва Саид Амон Содот дар вулусволии Шуғнон боздошт шудаанд, ки кӯшиши ба Тоҷикистон гурехтанро доштаанд.
«Ду ҳафта қабл президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 6 нафар кормандони ин вазоратро ба иттиҳоми ришваситонӣ аз мансабашон сабукдӯш кард. Тафтиши ин парванда ба дӯши Прокуратураи генералӣ вогузор шуда, ба мансабдорони ин ниҳод сафар ба хориҷи кишвар манъ шуда буд, то ки аз ҷавобгарӣ пинҳон шуда натавонанд», - менависад хабаргузории «Хома».
Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки яке аз ин гумонбаршудагон марз бо Покистонро убур карда, ғайр аз ин, қисмате аз мабалғҳои барои кори вазорат ҷудошуда, ба хориҷи кишвар гузаронида шудаанд.
Сухангӯи президент Ҳамдулло Муҳиб дар ин робита таъкид доштааст, ки мубориза бо фасод яке аз самтҳои афзалиятноки кори сарвари давлат ба шумор меравад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста