Суди Останикинои шаҳри Маскав оид ба парвандаи ҷиноӣ нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон - Сафаралӣ Раҷабови 26-сола, Алихон Икромови 21-сола ва Бобоҷон Юлдошеви 24-сола ҳукм содир намуд.
Нашрияи Москва инфо дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки Раҷабов, Икромов ва Юлдошев дар ҳайати гурӯҳи фурӯшандагони маводи мухаддир тариқи ба пинҳонгоҳҳо гузоштани героин, ба фурӯш ва паҳн кардани он машғул будаанд.
Гуфта мешавад, санаи 9 апрели соли гузашта номбаршудагон боздошт гардида, аз онҳо беш аз 2,5 кило маводи мухаддири героини барои фурӯш омодашуда мусодира шудааст.
Нашрия менависад, ғайр аз ин, Раҷабов ҳамроҳ бо дигар аъзои гурӯҳи муташаккил, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати онҳо дар истеҳсолоти ҷудогона қарор дода шудааст, ғайриқонунӣ миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддирро барои фурӯш омода кардааст.
Зимнан зикр мегардад, ки суд Раҷабовро ба 13 соли зиндон ва Икромову Юлдошев ҳар кадомеро ба 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста