Парвандаи ҷиноӣ нисбати узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Маҳмудов дар суди ноҳияи Ҳисор баррасӣ мешавад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» адвокати узви ҲНИТ Зарафо Раҳмонӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 11 июн парванда ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии Тоҷикистон ирсол шуда, вале дар навбати худ Суди олӣ санаи 17 июн парвандаро барои баррасӣ ба суди маҳалли зисти айбдоршаванда - ноҳияи Ҳисор фиристодааст. «Санаи дақиқи оғози мурофиаи судӣ оид ба баррасии ин парванда ҳанӯз маълум нест», - иброз дошт адвокат.
Қобили зикр аст, ки нисбати Ҷамолиддин Маҳмудов мутобиқи моддаи 195, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.
Ёдрас мекунем, ки Ҷамолиддин Маҳмудов рӯзи 10 феврали соли 2015 ба гумони даст доштан дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳа аз ҷониби кормандони сохторҳои қудратӣ боздошт шуда, рӯзи дигар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ин робита изҳорот интишор кард.
Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ низ ба журналистон тасдиқ намуда буд, ки яке аз таппончаҳои дар манзили шаҳрванд Латиф Сардоров дарёфтшуда аз ҷониби кормандони КДАМ ҳақиқатан ҳам ба узви КМИР Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ҷамолиддин Маҳмудов тааллуқ дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста