Дар вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар фаъолияти ҳаракати созмони динии ифротгарои «Салафия» нисбати 13 нафар сокинони минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҳукм содир шуд.
Аз суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки чанде қабл мурофиаи судӣ оид ба ин парванда ба итмом расида, маҳкумшудагон сокинони аз 20 то 30-солаи шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, суд айбдоршавандагонро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи аломатҳои моддаҳои 307 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 189 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, 5 нафари онҳоро ба 2 соли зиндон ва 8 танро дар ҳаҷми 60 ҳазор сомонӣ барои ҳар кадоме ҷарима баст.
Зимнан зикр гардид, ки маҳкумшудагон моҳи феврали соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратураи вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар фаъолияти пинҳонӣ дар шакли ҷамъоварӣ ва шиносоӣ бо афкори созмони ифротгарои мазкур боздошт шуда буданд.
Ёдрас мекунем, ки ҷараёни мазҳабии «Салафия», ки фаъолияташро аввали соли 2009 Суди олии ҷумҳурӣ манъ карда буд, гурӯҳи ифротгаро дар Тоҷикистон эътироф шуд.
Қобили зикр аст, ки ҳукми нахуст нисбати тарафдорони ҷараёни «Салафия» дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2010 аз ҷониби суди ноҳияи Сино содир гардида буд. Бо ин ҳукм 7 нафар – Сироҷиддин Абдураҳмонов, яке аз ҷонибдорони маъруфи ин ҷараён, Киромиддин Абдураҳмонов, писари ӯ ва ҳамчунин Абдураҳмон Абдураҳимов, Муҳаммадраҷаб Наврӯзов, Шаҳобиддин Саидов, Музаффар Файзуллоев ва Икромиддин Юсуфов маҳкум шуда буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста