Бар асоси аризаи сокини 24-солаи шаҳри Душанбе кормандони милиса ба гумони даст доштан дар қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд роҳбари 51-солаи ширкати «Союз Сохтмон»-ро боздошт намуданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, роҳбари ширкати сохтмонӣ бо роҳи фиреб ба боварии ин шаҳрванд даромада, аз ӯ 26 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар ҳудуди маҳаллаи-83 аз бинои баландошёнаи навсохтмон, ба ӯ хонаи истиқоматӣ медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.

Гуфта мешавад, номбурда моҳи июли соли 2014 низ бо роҳи фиреб ба боварии зани 47-сола даромада, 20 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин роҳбари ширкат моҳи декабри соли 2013 бо ҳамин роҳ аз марди 44-солаи сокини пойтахт 48 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол ба ваъдааш вафо накардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки боздоштшуда пеш бо моддаҳои 247 (Қаллобӣ) ва 253 (Расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи  фиреб ё суистифодаи боварӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.