Дар маркази маъмурии вилояти Суғд ҳодисаи таҷовуз ба номус ва кушта шудани духтарчаи 6-сола ба қайд гирифта шуд.
Як манбаъи муътамад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 30 июн дар қаламрави гаражҳои кӯчаи А.Шукӯҳии шаҳр ҷасади духтарчаи 6-сола бо аломатҳои марги маҷбури ва осори буғӣ кардану алоқаи ҷинсӣ дарёфт шудааст.
Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 53-солаи шаҳри Хуҷанд В.И. боздошт шудааст, ки дар ҳамсоягии ин духтарча иқомат доштааст.
Боздоштшуда қаблан мутобиқи моддахои 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан), 104 (Одамкушӣ) ва 139, қ. 4 (Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида) маҳкум шуда будааст.
Зикр гардид, ки нисбати В.И. мувофиқи моддаҳои 104, қ. 2 (Одамкушӣ) ва 138, қ. 3 (Таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста