Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт нисбати зани 30-сола, зодаи ноҳияи Ёвон П.А., ки муваққатан дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунад, аз рӯи далели куштани се кӯдаки ноболиғ парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Тавре аз суди мазкур як манбаъ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, парванда мутобиқи моддаи 104 (Одамкушӣ), қисми 2, бандҳои «а» ва «в» (ду шахс ё бештар аз он, бараъло ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ў барои гунаҳгор аён аст)-и Кодекси ҷиноии ҶТ боз шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки зан таҳти ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 4 июл дар Душанбе ин зан ҳамроҳи се фарзанди кӯчакаш худро ба канали Ҳисор партофт. Сокинони маҳаллӣ наҷотдиҳандагонро ба ҷойи ҳодиса даъват карда, ба онҳо муяссар шуд, ки танҳо занро наҷот диҳанд. Се кӯдак ҳалок шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста