Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба «шайх Темур», ки гӯё «даъвои пайғамбарӣ дошт», ба 16 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.
Қаблан дар сухани ниҳоии худ ӯ аз суд дархост намуд, ки дар ин моҳи шарифи Рамазон озод карда шавад. Дар ҳамин ҳол, судшаванда хоҳиш кард, ки «бегуноҳии ӯ аз рӯи бисёр айбномаҳо ва пиронсолии ӯ» ба инобат гирифта шавад.
Мурофиаи судӣ нисбати Саидмаҳдихон Сатторов тахти раёсати судя Шавкат Лутфуллозода баргузор шуд.
Мебояд гуфт, айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи Саидмаҳдихон Сатторов, аз суд дархост намуда буд, ки ӯ ба 18 соли зиндон маҳкум карда шавад.
Мавлудхон Солеҳов, адвокати С.Сатторов иттилоъ дода буд, ки зерҳимояаш мутобиқи панҷ моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – худсарона азхуд кардани қитъаи замин, таҳқири ҷасадҳои фавтидагон ва макони гӯронидани онҳо, тамаъҷӯӣ, серзанагӣ ва монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмӣ (нуҳсола) айбдор карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар мурофиаҳои қаблии судӣ, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад, судшаванда қисман ба гуноҳҳояш дар серзанагӣ, монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмӣ (нуҳсола) ва худсарона азхуд намудани қитъаи замин иқрор шуда, дар дигар айбномаҳо худро гунаҳкор эътироф накард.
Нимаи дуюми моҳи феврали соли ҷорӣ бо қарори суди ноҳияи Синои пойтахт Саидмаҳдихон Сатторови 65-сола ба ҳабс гирифта шуда , нисбати ӯ мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Ёдрас мекунем, Шабакаи Аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6-уми феврал филмеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод , ки аз корнамоиҳои Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” нақл мекунад.
То санаи 16-уми феврал Саидмаҳдихонг Сатторов дар деҳаи Асбоби ҷамоати Работи шаҳри Турсунзода таҳти ҳабси хонагӣ қарор дошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста