Суди олии Тоҷикистон Абдулазиз Усмонови 53-сола, бештар маъруф бо лақаби «Ҳоҷӣ Самандар»-ро, ки дар куштори бародарон Каримовҳо ва машғул будан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешуд ва ҳамчунин ҳаммаслаки ӯ Саидмурод Мадалиевро ба ҷазои ҳабси абад маҳкум кард.
Бино ба маълумоти Суди олӣ, гумонбари сеюм дар ин парвандаи ҷиноӣ Ҷамшед Раҷабов ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.
Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 18-уми ноябри соли 2014 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ҷасадҳои бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуданд.
Санаи 25 ноябри соли 2014 Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шомгоҳон тариқи шабакаҳои давлатии телевизион дар бораи боздошти қотилони эҳтимолии бародарон Фарҳод ва Раҷабалӣ Каримовҳо хабар дод.
Дар гузориши телевизионии аз ҷониби маркази робита бо ҷомеаи КДАМ таҳияшуда, зикр гардид, ки ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини 53-солаи ноҳияи Ҳисор, қаблан ду маротиба маҳкумшуда барои куштор ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, шаҳрванд Абдулазиз Усмонов, маъруф ба Ҳоҷӣ Самандар боздошт шудааст.
Боздоштшуда дар гузориши телевизионӣ гуфт, сабаби қатли бародарон Каримовҳо қарзҳояшон аз маводи нашъаовари гирифтаашон аст. Ҳоҷӣ Самандар қайд кард, ки ба бародарон миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддири сахттаъсир – 100 кило героинро дода, вале маблағи пулӣ барои «мол»-ро нагирифтааст.
Бо мақсади қатли бародарон ӯ ду нафар киллерҳо (одамкушон) аз ноҳияи Ҳисорро киро намудааст, ки яке аз онҳо қаблан барои одамкушӣ 15 сол маҳкум шуда, дигарӣ барои содир намудани як қатор ҷиноятҳо дар қаламрави Русия мавриди ҷустуҷӯ қарор доштааст. «Ман онҳоро бояд мекуштам, вагарна онҳо маро ба қатл мерасониданд, - гуфт назди камераи телевизион Ҳоҷӣ Самандар.
Ба қавли афрлди кирошуда, бо фармоиши Ҳоҷӣ Самандар онҳо ҳамроҳ бо ӯ бародаронро ба қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ оварда, дар як макони қулай нахуст ба сари онҳо бастаҳои пластикӣ мепӯшонанд ва сипас ба онҳо тир кушодаанд. Пас аз ин қотилон ҷасади бародарон Каримовҳоро гӯр кардаанд.
Санаи 19-уми ноябри соли равон маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки сокини 29-солаи пойтахт Меҳроб Каримов ба мақомоти милиса дар бораи бедарак шудани бародаронаш бо ариза муроҷиат кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста