Раҳбарияти Суди олии иқтисодии Тоҷикистон бори дигар дар баҳс миёни Кумитаи андоз ва ширкати «Вавилон-М» рӯшанӣ андохт.
Раиси Суди олии иқтисодии ҷумҳурӣ Наим Мансурзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар робита ба ин масъала изҳор намуд, ки онҳо шикояти назоратии ширкатро баррасӣ намуда, қонунӣ будани амали Кумитаи андоз дар ин баҳсро муайян кардаанд.
«Суди олии иқтисодӣ ба рӯёнидани маблағи зикршуда ваколатдор нест ва ҳаҷми маблағи пардохти андоз баррасӣ нашуда, танҳо қонунӣ будани ин амал санҷида шуд, - иброз дошт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки директори генералии ширкати «Вавилон-М» Беҳзод Файзуллоев, ки муддати сол баҳс бо Кумитаи андоз оид ба қарзи бисёрмиллионнаи ширкат аз андозро ҳаллу фасл мекунад , аз Суди конститутсионии ҶТ посух гирифт. Ба ин мақомоти ӯ барои муайян кардани қонунӣ будани амалҳои мақомоти андоз муроҷиат кард.
Намояндагони ширкати «Вавилон-М» ба «Азия-Плюс» маълумоти як қатор ВАО-ро дар бораи он, ки бо қарори Суди контситутсионии ҷумҳурӣ ширкат бояд ба буҷети кишвар бо талаби Кумитаи андоз 341 млн. сомонӣ маблағ пардохт кунад, рад карданд.
Мавриди зикр аст, ки қаблан, моҳи июли соли 2014 раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуда буд, ки қарзи ширкати «Вавилн-М» аз андоз 341 млн. сомониро ташкил дода, бояд ин қарз қисм-қисм пардохта шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста