Суди ноҳияи Синои пойтахт модари духтари ноболиғро, ки ба ҷойи дарсҳо дар маҳфилҳои шабона рақс мекард, ҷарима баст. Дар ин бора портали «Диалог» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳаҷми ҷарима се нишондиҳандаи ҳисоб ё худ 120 сомониро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти суд, хонандаи синфи 7-уми мактаби рақами 26-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 1 то 15 апрел ба дарсҳо ҳозир нашуда, дар яке аз маҳфилҳои шабонаи пойтахт ба раққосагӣ машғул будааст.
«Манбаъ ҳамчунин илова намуд, ки суд модари духтари ноболиғро дар иҷро накардани ӯхдадориҳои тарбиявӣ мутобиқи моддаи 90-и Кодекси маъмурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ӯро ба 3 нишондиҳандаи ҳисоб ба маблағи 120 сомонӣ (ҳудуди 18 $) ба нафъи давлат ҷарима кардааст», - менависад портал.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста