Дар вилояти Маскави Русия гумонбар дар марги 5 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия хабар медиҳад.
Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, боздоштшуда шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кандани нақб бо ҳадафи дуздии маҳсулоти нафтӣ аз лӯлаи нафт киро карда будааст. Сабаби марги мардикоронро мақомот ба нафасгир шудан аз дуди газ дар зери замин ҳангоми кандани нақб нисбат додаанд.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел мақомоти тафтишот мутобиқи моддаи 105, қ. 2, б. 2»-и Кодекси ҷиноии Русия (куштори беш аз 2 нафар) парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.
Дар ҳамин ҳол, радиои Озодӣ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Тулаи Русия нахустин гумонбар дар робита ба марги 5 мардикор, бо шумули 4 шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Ҷасади селофанпечи ду шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 8 июл аз ҷангалзоре дар ҳудуди ноҳияи Ступинои вилояти Маскав ва ҷасади се нафари боқимонда рӯзи 11 июл аз як истгоҳ дар наздикии рустои Беликовои ноҳияи Ленини вилояти Тула ёфт шуданд.
Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия дар робита ба ин масъала хабар медиҳад, ки сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Имомуддин Сатторов ин қазияро таҳти назорати шахсии худ гирифтааст. Сафир ба Хадамоти консулгарии сафорат ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия дастур додаст, ки мудом бо мақомоти тафтишот дар тамос буда, ба наздикони фавтидагон кумак кунанд вад ар бораи натиҷаҳои кор аз рӯи ин масъала саривақт ба ӯ маълумот диҳанд.
Айни замон шахсияти шаҳрвандони ҳалокшудаи Тоҷикистон муайян карда шудааст. Инҳо Хуршед Ёрматови 27-сола ва Самандар Халифаеви 26-сола (ҳарду сокини ноҳияи Ҳамадонӣ), Солеҳҷон Дилшодови 33-сола (сокини ноҳияи Қумсангир), Фирдавс Нодирови 35-сола (сокини ноҳияи Данғара) ва Шаҳром Набиеви 27-сола мебошанд. Ҷасадҳои Ёрматов ва Халифаев, ки рӯзи 8 июл дарёфт шуда буданд, санаи 15 июл ба Душанбе интиқол дода шудаанд.
«Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҷараёни тафтишотро пайгирӣ дошта, бо муфаттишони масъули таҳқиқи ин ҳодиса мудом дар тамос аст. Аз тадбирҳои андешидаи мақомоти тафтишот дар ин самт мо огаҳем. Умедворем, ки ба гунаҳкор ё гунаҳкорон дар марги шаҳрвандони мо, ки тафтишот пурра муайян хоҳад кард, ҷазои сазовор дода мешавад», - зикр кардаанд дар сафорати Тоҷикистон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста