Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Маскав се тан аз зодагони Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар як силсила дуздиву ғоратгариҳо дар қаламрави шаҳр ва вилояти Маскав боздошт намудаанд.
Бино ба иттилои Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав, боздоштшудагон ба манзилҳои хусусӣ ворид шуда, бо таҳдид ба соҳибманзилон бо корд маблағи пулӣ, маснӯоти заргарӣ ва телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ)-и онҳоро бо худ мебурдаанд.
«Гумонбаршудагон дар яке аз манзилҳои шаҳри Маскав боздошт ва зимни кофтукови шахсӣ қисмате аз амволи рабудашуда аз онҳо дарёфт ва мусодира шуда, даст доштани онҳо дар як силсила амалҳои ғоратгарона исбот шуд», - омадааст дар маълумот.
Гуфта мешавад нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 162 Кодекси ҷиноии Русия (Роҳзанӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, муҳлати ҷазо тибқи ин модда то 12 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста