Додгоҳи шаҳри Маскав нисбати раҳбари гурӯҳи миллатгарои «Боевая организация русских националистов» (БОРН) Иля Горячев, ки аз ҷумла ба қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов айбдор мешавад, ҳукм содир намуд.
Хабарнигори РИА «Новости» аз толори суд дар ин робита иттилоъ додааст, ки суд ӯро мутобиқи моддаҳои «Одамкушӣ» ва «Гардиши ғайриқонунии аслиҳа»и Кодекси ҷиноии Русия гунаҳкор эътироф намуда, ба ҳабси абад маҳкум кардааст.
Ҳамчунин суд қарор кардааст, ки аз Иля Горячев ба нафъи модари антифашист Иля Ҷапаридзе, ки аз ҷониби аъзои ин гурӯҳ ба қатл расонида шуда буд, 5 млн. рубл рӯёнида шавад.
Хабаргузории РБК хотиррасон мекунад, ки маҳкумшуда дар панҷ куштор - қатли адвокат Станислав Маркелов, антифашистҳои шинохта Фёдор Филатов ва Иля Ҷапаридзе, узви гурӯҳи «Черные ястребы» Расул Халилов ва куштори шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов, ки сараш аз тан ҷудо шуда буд, даст дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста