Рӯзи 5 август дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дастгир карда шуд.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, гумонбаршуда аз моҳи май то инҷониб дар нуқтаи мубодилаи асъор, воқеъ дар бозори “Корвон”, ҳамчун хазинадор ғайриқонунӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ, бидуни бақайдгирӣ ва иҷозатномаи махсус ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ба миқдори калон машғул шудааст.
Гуфта мешавад, инчунин гумонбаршуда барои анҷом додани амалиёти ҳаррӯзааш аз бонк 50000-сомонӣ гирифта, бо ин қонеъ нашуда аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ 31815-доллари ИМА, 1477800-рубли ФР, 8000-Эвро, 582-юани ҶХХ ва 11343-сомониро ғайриқонунӣ ба муомилот баровардааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Қобили зикр аст, ки дар вохӯрӣ бо журналистон рӯзи 31 июл прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар мавриди ин масъала изҳор намуда буд, ки давоми 6 моҳи соли ҷорӣ барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ 70 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста