Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт собиқ мушовири дастгоҳи ёвари президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ Ҳасан Раҷабовро ба 5 соли зиндон маҳкум кард.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ , ҳукм ахири ҳафтаи гузашта содир шуда, мурофиа пушти дарҳои пӯшида сурат гирифтааст. Ба тафтиши парванда бо иттиҳоми коррупсия ва порагирӣ Кумитаи давлатии амнияти миллӣ машғул будааст.
Собиқ мушовири дастгоҳи ёвари президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ Ҳасан Раҷабов аввали моҳи июн аз ҷониби кормандони КДАМ ба гумони ришваситонӣ ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ дар содир амудани ҷиноят мутобиқи моддаи 319-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, коғазҳои қимматнок, молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ӯ, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор) айбдор карда мешавад.
Як манбаъи Озодӣ аз мақомоти судӣ хабар додааст, ки ҳукми додгоҳ содир шуд, вале ҳанӯз мавриди иҷро қарор нагирифтааст ва вакилони маҳкумшуда ба бозбинӣ шудани парванда бовар доранд.
Парванда ахири моҳи июл ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол гаштааст. Вале то ҳанӯз додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба таври расмӣ аз ҳукми худ дар мавриди Ҳасан Раҷабов иттилоъ надодааст. Масъулони додгоҳ хабари баргузории мурофиаро на тасдиқ карданд ва на рад.
Ба вазифаи мушовири дастгоҳи ёвари президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ Ҳасан Раҷабов 21 феврали соли 2014 таъин шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста