Ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҳисор марди 28-солаи сокини ҳамин ноҳия бо ариза дар бораи лату кӯб ва ғорати бародари ноболиғаш муроҷиат намудааст.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон бо такя ба гуфтаҳои аризадиҳанда дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки нимаи рӯзи 9 август шахсони номаълум дар назди маркази ноҳия бародари 16-солаашро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони тамғаи “Айфон” ва маблағи 2538 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Гуфта мешавад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 22 ва 18-солаи сокинони ноҳияи Ҳисор бо гумони даст доштан дар ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста