Зимни ду амалиёти марбут ба дарёфт ва мусодираи миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир дар пойтахт, кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон 5 шаҳрванди Афғонистон ва 1 сокини Душанберо боздошт намуданд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар ҷараёни амалиёти якум дар автомашинаи тамғаи «Опел» 83 килову 548 грамм маводи мухаддири ҳашиш дарёфт гардида, аз рӯи ин далел 4 шаҳрванди Афғонистон, сокинони минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистони кишвари ҳамсоя боздошт шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар амалиёти дуюм ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 1 шаҳрванди Афғонистон ва 1 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуда, зимни кофтукови автомашинаи тамғаи «Мерседес» 48 килову 620 грамм маводи нашъаовари ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далелҳо мутобиқи моддаи 200, қ. 4-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ба миқдори махсусан калон) парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, маводи ин парвандаҳо ҷиҳати тафтишоти минбаъда ба мақомоти прокуратура супурда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста