Рӯзноманигори нашрияи «Фараж» Аминҷон Гулумуродзод имрӯз барои сохтакории ҳуҷҷатҳо ва истифодаи минбаъдаи онҳо ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.
Журналист мутобиқи моддаи 340-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) мавриди муҷозот қарор гирифт.
Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Гулмуродзодаро дар сохтакории шаҳодатномаи таваллуди худ ва мутаносибан шиносномаи дохилии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор эътироф намуд.
Ғайр аз ин, дар суд ӯро ҳамчунин ба он айбдор донистанд, ки бо истифода аз ин шиноснома Гулмуродзода ба вайронкунии қонунҳо, аз ҷумла ҳангоми ба кор даромадан ба қонуншиканӣ роҳ додааст. Суд ҳамаи ҳуҷҷатҳои бо пешниҳоди ин шиноснома гирифташуда - диплом дар бораи маълумоти олӣ, дафтарчаи меҳнатӣ, санад дар бораи хариду фурӯши амволи ғайриманқул ва ғайраро аз эътибор соқит кард.
Дар мурофиа қайд шуд, ки дар мақомоти САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ бо шаҳодатнома таҳти рақами 208 бо номи Аминҷон Гулмуродзода шахс ба қайд гирифта нашуда, шаҳрванд И.З. сабти ном шудааст.
Аммо ҷониби ҳимоя ба суд далелеро пешниҳод намуд, ки гӯё мутобиқи ин ҳуҷҷатҳо шаҳрванд И.З. дар таваллудхонаи №3-юм 5 апрели соли 1982 ба дунё омадааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки таваллудхона танҳо 24 июли соли 1985 ба кор даромадааст ва чунин аст, ки ҳуҷҷати шаҳрванд И.З. низ сохтакоришуда аст. Ин далели аз ҷониби ҳимоя пешниҳодшударо суд ба инобат нагирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста