Ахири ҳафтаи сипаришуда кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ ду ҳодисаи кӯшиши қочоқи маводи нашъаоварро пешгирӣ намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, амалиёти якум дар қишлоқи Андароби ноҳияи Ишкошим ба анҷом расид. Кормандони Агентӣ бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи нашъаовар сокини 39-солаи маҳаллиро дастгир намуда, аз ӯ беш аз 2 кило маводи мухаддири ҳашишро мусодира намуданд.
Гуфта мешавад, амалиёти дуюмро кормандони Агентӣ дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ гузарониданд. Дар ҳудуди қишлоқи Ёмчи ноҳияи Шуғнон ҳангоми кӯшиши қочоқи маводи нашъаовар сокини 40-солаи вилояти Бадахшон дастгир гардида, аз ӯ зиёда аз 12 кило ҳашиш мусодира карданд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ин ду ҳодиса аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ – м. 200 қ. 3 - “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон”, м. 289. “Қочоқ” ва м. 335. “Ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, боздоштшудагон ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста