Айбдоркунандаи давлатӣ Алексей Корниенко рӯзи 25 август дар мурофиаи судӣ оид ба баррасии парванда аз рӯи далели куштори таксирони тоҷик Рустам Тешабоев аз ҷониби Илдар Сахапов ва Федор Басимов, хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия, аз суд дархост намуд, ки судшавандагон Сахапов ба 14 ва Басимов ба 18 соли зиндон маҳкум карда шаванд. Мурофиаи мазкур дар қаламрави пойгоҳ пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад.
Тавре як манбаъ аз пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, имрӯз, 26 август суд аз рӯи парвандаи мазкур нисбати айбдоршавандагон ҳукм содир мекунад.
Ёдрас мекунем, ки нимашаби рӯзи 19-уми августи соли гузашта дар деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ҷасади Раҳимҷон Тешабоев бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуда буд. Басимов аз таксирон 50 ҳазор рубл қарздор буда, вале маблағро баргардонида натавонист. Аз ин рӯ бо ҳамхизматаш маслиҳат карда, назди кӯл дар деҳаи Чимтеппа Р. Тешабоевро мекушанд.
Баъдан раҳбарияти пойгоҳи низомии 201 изҳор дошт, ки ҳардуи ин хизматчии ҳарбӣ рӯхан беморанд ва онҳоро барои ташхис ба шаҳри Екатеринбурги Русия фиристод. Зимни ташхис маълум шуд, ки онҳо солиманд ва ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста