Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба интишори ному насаби ситораҳои эстрадаи тоҷик, ки чандин маротиба ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои пойтахт риоя накардаанд, идома медиҳад. Ҳамаи ин қоидавайронкуниҳо дар камераҳои видеойии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» сабт шудаанд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, овозхони эстрада Жанна Шаинян дар автомашинаи шахсии тамғаи «ДЭУ-Ласетти» 54 маротиба ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя накарда, то имрӯз ягон маротиба барои онҳо ҷарима насупоридааст.
Ба истилоҳ ашаддитарин вайронкунандаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сокини пойтахт Умедҷон Сироҷев мебошад, ки бо «Рэнҷ-Ровер»-и худ ӯ 187 маротиба ба қонуншиканӣ зимни ҳаракат дар роҳ даст зада, ба маблағи умумии 43 ҳазору 830 сомонӣ ҷарима пардохт кардааст.
Дар идомаи рӯйхат сокини дигари пойтахт Ҷамшед Назаров қарор дорад, ки барои 129 маротиба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо автомашинаи тамғаи «Лексус-RX350» ба маблағи умумии 33 ҳазору 450 сомонӣ ҷарима супурдааст.
Сокини шаҳри Душанбе Дилшож Ғуломов, ӯ низ бо автомашинаи тамғаи «Лексус-RX350» 129 маротиба ба қонуншиканӣ зимни ҳаракат дар роҳ даст зада, дар маҷмӯъ 29 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима пардохт кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста