Раиси 73-солаи бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Норак Қурбон Маннонвбаъди 10 рӯзи боздошт аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон дар гузориши телевизионии рӯзи 28 август ҳузур пайдо кард.
Зимни гузориши телевизионии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки шоми рӯзи ҷумъа тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ҷумҳурӣ намоиш дода шуд, зикр гардид, ки Қурбон Маннонов дар таблиғи афкори ифротгароёна миёни аъзои ҲНИТ гунаҳкор дониста мешавад.
«Маҳз ӯ яке аз ташаббускорони барафрохтани матоъи сиёҳ бо навиштаҷоти Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) дар қаламрави Норак шуморида мешавад. Ӯ ҳамчунин барқарор кардани сохти исломӣ дар Тоҷикистонро таблиғ мекард», - таъкид шуд дар гузориши телевизионӣ.
Ёдрас мекунем, ки Қурбон Маннонов рӯзи 19 август аз ҷониби мақомоти интизомии шаҳри Норак боздошт шуд. То рӯзи 28 август на адвокат ва на хешону наздиконаш огаҳӣ надоштанд, ки ӯ чӣ гуноҳ дорад. Дар суханрониҳояш аз минбари ҲНИТ ӯ чандин маротиба изҳор дошта буд, ки ӯро ба КДАМ даъват кардаву талаб кардаанд, ки аз сафҳои ҲНИТ хориҷ шавад.
Дар баробари ин, дар гузориши телевизионӣ ҳамчунин боз ду тан аз аъзои ҲНИТ-ро намоиш доданд, ки ба робита доштанашон бо фаъолони ДИИШ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо супориши онҳо харидани матоъи сурх бо ранг ва сипас овехтани парчами Давлати исломӣ дар Норак иқрор шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста