Як сокини 36-солаи сокини ноҳияи Мурғоби ВМКБ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунӣ бо металлҳои қиматбаҳо дастгир гардид.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршуда 2 кило сангҳои қиматбаҳои навъи ёқут дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.