Муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ ҳангоми парвоз ба шаҳри Алмаато боздошт шуд.
Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки Саидумар Ҳусайнӣ муддати як ҳафта бояд ба Алмаато мерафт ва бо худ билети рафтуомад ба ҳарду тарафро дошт.
Ба гуфтаи Ҳайит, ҳамчунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Воҳидхон Қосиддинов, узви Шӯрои сиёсии ҳизб низ боздошт шудааст. Ӯ бо зани қирғизаш ният доштааст, ки аз Исфара ба Ботканд ба дидори хешовандонаш равад. Тамоми ҳуҷҷатҳои В.Қосиддинов гирифта шудаанд.
Ба Раҳматуллои Раҷаб, роҳбари бахши ҳизб дар ноҳияҳои тобеи марказ низ чанд рӯз қабл ба парвоз ба шаҳри Екатеринбурги Русия, ки ба он ҷо ӯ ба муҳоҷират рафтанӣ буд, иҷоза нашудааст. Ба қавли Ҳайит, чанд дақиқа қабл як гурӯҳ кормандони КДАМ ба назди Раҳматулло Раҷаб омада, нияти боздошти ӯро доштаанд.
Баъди оғози амалиёти махсуси мақомоти интизомӣ дар дараи Ромит, худи Ҳайит низ рӯзи 5 сентябр назди кормандони КДАМ барои суҳбат даъват шудааст.
Ҳамчунин муовини раиси ҲНИТ иттилоъ дод, ки ҳатто ба аъзои қатории ҲНИТ, ки хоҳиши ба муҳоҷират рафтан ба Русияро доранд, ба парвоз иҷоза дода намешавад. Ғайр аз ин, аз якчанд нафар аъзои қатории ҲНИТ шиносномаҳояшон гирифта шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста