Суди шаҳри Қӯрғонтеппа автомашинаи боркаши нашъаҷаллобро мусодира кард.
Раиси суди шаҳри Қурғонтеппа Сироҷиддин Сайдалӣ дар ин робита иттилоъ дод, ки суд сокини шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Дулан» Худойбердӣ Каримовро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 200, қ. 3 (Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар) ва 289, қ. 3 (Қочоқ)-и КҶ ҶТ гунаҳкор эътироф намуд.
Тавре аз маводи парвандаи ҷиноӣ бармеояд, Х.Каримов ба боркашонӣ тариқи хатсайри Тоҷикистону Афғонистон машғул будааст. Тибқи маълумоти тафтишоти пешакӣ, рӯзи 11 марти соли 2015 ҳангоми дар Афғонистон қарор доштанаш аз он ҷо ба маблағи умумии 1,2 ҳазор доллари ИМА 2 килову 481 грамм маводи мухаддири ҳашиш ва 454 грамм афюн харида, онро дар махфигоҳи автомашинааш пинҳон мекунад.
Дар ҷараёни амалиёти махсуси кормандони Раёсати КДАМ ва Раёсати хадамоти гумруки вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа Х.Кабиров боздошт ва зимни азназаргузаронии автомашинаи ӯ 2 килову 481 грамм маводи мухаддири ҳашиш ва 454 грамм афюн дарёфт мешавад.
Маҳкумшуда ҳамчунин иқрор шудааст, ки маводи мухаддирро дар Афғонистон ӯ бо дархости сокини шаҳри Қӯрғонтеппа Қудратулло Додов харидаст. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Қудратулло Додовро низ боздошт намудаанд.
Суд Худойбердӣ Кабировро дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи модадҳои 200, қ. 3 ва 289, қ. 3-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста, ӯро ба 12 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи амвол маҳкум кард. Автомашинаи боркаши тамғаи «Дулан»-и маҳкумшуда низ бо ҳукми суд ба нафъи давлат мусодира карда шуд.
Ғайр аз ин, суд Қудратулло Додовро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 201, қ. (Муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ), 36, қ. 1 (Шарикони ҷиноят) ва 289, қ. 2 (Қочоқ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 5,6 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста