Мақомоти ҳифзӣ ҳуқуқи ҷумҳурӣ як зани 20-солаи сокини ноҳияи Панҷро дар содир намудани амали роҳзанӣ гумонбар медонанд.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 20-солаи сокини ноҳияи Панҷ бо гумони роҳзанӣ дастгир гардид.
«Гумонбаршуда, санаи 28 август дар бозори “Ҳоҷи-Шариф”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо мақсади ба даст овардани молу мулки ғайр ба дӯкони соҳибкор, зани 36-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ворид шуда, бо таҳдиди корд аз ӯ якчанд намуди либосҳоро ба маблағи 400-сомонӣ гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст», - омадааст дар хабари ВКД.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати дастгиршуда бо моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Роҳзанӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста